"Қолинҳои Қайроққум" дорои коргоҳи истеҳсоли ришта шуд

© Sputnik / Амир ИсаевПроизводство на Кайраккумском Ковровом Комбинате
Производство на Кайраккумском Ковровом Комбинате - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо ифтитоҳ шудани коргоҳт нав дар корхонаи қолинбофӣ 70 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар корхонаи қолинбофии "Қолинҳои Қайроққум" коргоҳи нави истеҳсоли ришта ифтитоҳ шуд, ки дар маросими кушодашавии он раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ширкат кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, тамоми ашёи хоми барои истеҳсоли қолин ба корхонаи "Қолинҳои Қайроққум" то ин замон аз хориҷи кишвар, ба хусус аз Туркия, Эрон ва Бангладеш ворид карда мешуд.

Дар ҳамин ҳол бино бар фаъол гаштани коргоҳи мазкур истеҳсоли 60 фоизи ашёи хом дар худи ин корхона ба роҳ монда хоҳад шуд.

"Дар коргоҳи мазкур асосан риштаҳои полипропилении пати қолин истеҳсол карда мешаванд. Таҷҳизот барои ин коргоҳ аз Белгия, Олмон ва Фаронса харидорӣ шудааст" — афзудааст дафтари матбуотӣ.

Дар ҳоли ҳозир иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур дар як шабонарӯз истеҳсоли 8,5 тонна, дар як моҳ 250 тонна ва дар як сол 2 миллиону 700 тонна риштаро ташкил медиҳад.

Ин коргоҳи истеҳсолӣ бо маблағи умумии 35 миллиону 600 ҳазор сомонӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохта шудааст.

"Бо фаъол гардидани ин коргоҳ 70 нафар сокинони шаҳри Гулистон бо маоши 1500 сомонӣ барои худ ҷойи кори доимӣ пайдо намуданд" —менависад манбаъ.

Инчунин дар корхонаи "Қолинҳои Қайроққум" раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсолии корхонаи мазкур, дидан кард.

Эмомалӣ Раҳмон аз масъулин даъват кардааст, ки иқтидори истеҳсолии корхонаро намоянд ва ҷойҳои нави корӣ ташкил намоянд.

Хатти нави технологӣ дар корхонаи "Қолинҳои Қайроққум" аз қисматҳои истеҳсоли ришта, бофандагӣ ва пардоздиҳӣ иборат мебошад.

Маҳсулоти корхонаи "Қолинҳои Қайроққум" давоми 60 сол аст, ки қолинҳои бо сифату зебо, барои бозори дохилӣ ва хориҷӣ истеҳсол мекунад.

Лентаи хабарҳо
0