Бо самимияти хоса: мардуми Конибодом раисҷумҳурро пешвоз гирифтанд

© пресс-служба президента ТаджикистанаРахмон открыл Крепость Муг
Рахмон открыл Крепость Муг - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахуст кишвардор дар ин шаҳр мактаби наверо ба истифода дод. Бинои нави сеошёна аз 22 синфхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ барои 200 нафар, устохонаҳои таълимӣ ва ошхона иборат аст

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Субҳи имрӯз, 27 июн дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд президент Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Конибодом рафт. Сокинони  шаҳр бо самимияти хоса раисҷумҳурро  истиқбол гирифтанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳур.

Бино бар иттилои манбаъ, нахуст дар деҳаи Ҷаҳонзеби Ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом  Эмомалӣ Раҳмон мактаби рақами 29-ро дар фазои тантанавӣ расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

"Сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29 дар деҳаи Ҷаҳонзеби шаҳри Конибодом дар асоси супориши раисҷумҳур моҳи марти соли 2016 бо маблағгузории Ҳукумати вилояти Суғд оғоз гардида буд. Маблағи умумии бунёди иншоот 12,8 миллион сомониро ташкил дод", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Бинои  сеошёна аз 22 синфхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ барои 200 нафар, устохонаҳои таълимӣ барои писарону духтарон, ошхона бо 90 ҷой, китобхона бо толори хониш ва бинои алоҳида барои маҳфили рӯзгордорӣ иборат буда, аз нуқтаи ягонаи гармидиҳӣ бо гармӣ таъмин карда мешавад. 

Бино барои 1320 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Президент ҳамаи омӯзгорону шогирдон ва падару модаронро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба ифтихори ифтитоҳи ин боргоҳи илму маърифат таҳният гуфт ва ба мактаббачагон дар ҷодаи азхудкунии илмҳои замонавӣ комёбиҳо орзу намуд.

Лентаи хабарҳо
0