ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Зане дар вилояти Андиҷони Узбакистон худ ва ду кӯдакашро бо арғамчин баста, ба дарё партофт, хабар медиҳанд расонаҳои Узбакитон.
Қайд карда мешавад, ки дар натиҷа зан зинда мондааст, вале ду кӯдакаш фавтидаанд.
Фоҷиа субҳи 25 июн рух дод. Зани 27-сола ду кӯдаки 3 ва 7-солаашро бо ресмон ба худ баста, ба канали "Шаҳрихонсой" партофтааст.
Шоҳидони ҳодиса ӯ ва кӯдаконро аз об берун карданд. Вале маълум шудааст, ки ду кӯдак фавтидаанд ва модар зинда мондааст.