Эълони қатъи ҳаркати нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ то мӯҳлати номуайян

© SputnikОбщественный транспорт в Душанбе
Общественный транспорт в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бинобар гузаронидани корҳои таъмиру азнавсозии роҳи хиёбони Рӯдакӣ ҳаракати ҳама гуна нақлиёт дар самти мазрур мамнӯъ мешавад

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе эълом кардааст, ки дар хиёбони Рӯдакӣ то мӯҳлати номуайян ҳаракати нақлиёт қатъ мешавад. Гуфта мешавад, дар роҳи хиёбони Рӯдакӣ корҳои таъмиру азнавсозӣ гузаронида мешавад.

"Шаҳрдории Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони  пойтахт мерасонад, ки бинобар гузаронидани корҳои таъмиру азнавсозии роҳи хиёбони Рӯдакӣ, ҳаракати ҳама гуна намуди воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рудакӣ аз буриши кӯчаи Карамов то буриши кӯчаи Саид Носир (назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) аз соати 21:00 санаи 27 июни соли 2018   қатъ карда мешавад", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбари хатсайрҳои автобусии №-№1, 3А ва №18 тариқи кӯчаҳои ҳамшафат (хиёбони Рудакӣ бо баромад бо кӯчаҳои Л.Шералӣ,М.Турсунзода,Карамов ва У.Хайём бо хиёбони Рӯдакӣ боқимонда бетағйир) ба роҳ монда шуда, фаъолияти троллейбуси хатсайри №1 муваққатан қатъ мегардад.

Лентаи хабарҳо
0