Дар Хуҷанд боғчаи бачагонаи нав ифтитоҳ шуд

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон посетил город Истаравшан где открыл сразу несколько объектов
Эмомали Рахмон посетил город Истаравшан где открыл сразу несколько объектов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бинои наву замонавии Боғчаи бачагонаи рақами 28 дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бо маблағи 3 милиону 800 ҳазор сомонӣ сохта шуда, имкон дорад ҳамаррӯза 320 кӯдакро ба тарбия фаро гирад

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Дар Хуҷанд боғчаи бачагонаи ҷадид ифтитоҳ шуд, ки дар маросими кушодашавии он раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок дошт, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бинои наву замонавии Боғчаи бачагонаи рақами 28 дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бо маблағи 3 милиону  800 ҳазор сомонӣ сохта шуда, имкон дорад ҳамаррӯза 320 кӯдакро ба тарбия фаро гирад.

"Мавриди зикри хос аст, ки Боғчаи бачагонаи рақами 28, дорои утоқҳои бархаво, хонаи кабули кудакон, хонаи таълимӣ, хонаи хоб, нуқтаи санитарӣ, толори мусикӣ, нуқтаи тиббӣ, ошхона, анборҳои маводи хӯрока ва 12 айвончаи бозӣ, майдончаи варзишии тобистона, майдончаи қоидаҳои ҳаракати роҳ, ҳавзи шиноварӣ, шабакаи гармидиҳии мутамарказонидашуда  мебошад", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар ин ҷо ба Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки дар ин муассисаи томактабӣ омӯзиш бо забонҳои точики,русӣ, англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Раисҷумҳур аз тарбиятдиҳандагон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароити хубу арзанда  кӯдаконро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандустиву ватанпарастӣ ба камол расонанд.

Лентаи хабарҳо
0