Мендкович: даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар гузаштаи Тоҷикистон мондааст

© SputnikНикита Мендкович
Никита Мендкович - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Бошгоҳи таҳлилии АвруОсиё ва коршиноси Шурои муносибатҳои байналмилалии Русия Никита Мендкович ба суоли "оё Тоҷикистон оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бартараф карда тавонист?" посух мегӯяд

Мендкович таъкид мекунад, ки ин саҳифаи фоҷиабори торихи Тоҷикистон ба даврони ташкилшавии низоми сиёсии феълӣ рост меояд. Он маҳз дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ташкил ва мустаҳкам шудааст. Барои ҳамин бартараф кардани паёмадҳои бӯҳрон, сахт бо асотири миллӣ ва хотираи ҷамъиятӣ марбут аст ва инро фаромӯш наметавон кард.

"Муҳим он, ки ҷанги шаҳварди дар натиҷаи созишномаи сулҳ, ки дар рафти он бешитари намояндагони мухолифин соҳиби мансаб шуданд, ба итмом расид ва ин қарори Ҳукумат босамар буд", — гуфт коршинос дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Мендкович про День национального единства Таджикистана

Вай таъкид мекунад, ки намояндагони мухолифин дар натиҷа натавонистанд на дар Ҳукумат ва на бо Ҳукумат монанд.

Узви мухолифин чанд сол пеш  Ҳукуматро бо далели кӯшишҳои нокоми табаддулот ва баста шудани Ҳизби наҳзати ислом дар кишвар тарк карданд.

" Хилофи ҳароси аксар тарки Ҳукумат кардани мухолифин дар Тоҷикистон ба бӯҳрони бузурги низоми сиёсӣ набурд. Таҷриба нишон дод, ки халқ ба Ҳукумати феълӣ боварӣ дорад. Мушкилии калони иқтисодиву иҷтимоӣ паш аз ҳама роҳи муайяни ҷустуҷӯи  тафаккури фарҳангиву ғоявӣ мебошад, аммо ин таҳдид ва бӯҳронҳои ҷадид аст, ки дер ё зуд ҳар як кишвар бо он рӯ ба рӯ мешавад", — мегӯяд Мендкович.

Ба гуфтаи коршинос, он далел, ки ҳоло ҳал ва баррасии ин гуна мушкилиҳо берун аз муҳити низои сахт бе нишонаҳои ногузир шудани рӯёрӯии қудратӣ ба гуфтаи коршинос, аз он мегӯяд, ки  давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гузашт ва ҳоло кишвар ба ояндаи беҳтару хубтар рӯ мениҳад.

Баробари ин, ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон давраи муҳими ҳамкориҳои байнидавлатии низомӣ низ гардид, зеро кӯшиши бузурги кӯмак ба Ҳукумати қонунӣ дар таҳкими қудрат ва бастани сулҳ он давр маҳз аз ҷониби Маскав  равона мешуд.

"Ҳатто бархе аз қисмҳои низомии тобеи Русия ва мушовирони низомӣ дар ҳалли баҳсҳои торихӣ ширикат доштанд. Умедворам, ки Русия ва Тоҷиикстон ин ҳодисаҳоро чун намунаи ҳамкориҳои нек ва бунёдгар барои ҳалли мушкилиҳои муштарак дар хотир нигоҳ хоҳанд дошт. Идомаи ин ҳамкориҳо сиёсати мудофиаи муштараки марзҳои ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон, ҳузури  пойгоҳи низомии Русия дар кишвар  ва кӯмаки марзбонони рус дар ҳифзи сарҳадот мебошад.

Лентаи хабарҳо
0