Шореҳи мисрӣ пас аз бохти мунтахабаш дар Ҷоми ҷаҳон даргузашт

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкФутбол. ЧМ-2018. Матч Россия - Египет
Футбол. ЧМ-2018. Матч Россия - Египет - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Собиқ футболбоз ва мурабии тими "Замалек" аз сактаи дил вафот кард

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Таҳлилгари варзишӣ ва собиқ футболбози мисрӣ Абдураҳим Муҳаммад баъд аз бохти тими миллии кишвраш дар мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳонбо тими миллии Арабистони Саудӣ даргузашт.

Дар рафти ҷоми футболи ҷаҳон мураббӣ ба сактаи қалб гирифтор шуд. Ӯро оҷилан ба бемористон дастрас карданд, вале пизишкон натавонистаанд ӯро наҷот диҳанд. Абдураҳим Муҳаммад 71 сол доштааст.

"Аҳволи таҳлилгар дар дақиқаи 95-уми бозӣ — вақте ки Арабистони Саудӣ ба дарвозаи Миср тӯб зад, якбора бад шудааст", — менависад  манбаъ.

​​Бозӣ миёни дастаҳои Арабистони Саудӣ ва Миср дар Русия 25 июни соли 2018 баргузор шуд.

Мусобиқоти ду тими кишвари арабӣ дар дар варзишгоҳи шаҳри Волгогради Русия гузашт. Бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи Арабистони Саудӣ анҷом ёфт.

Лозим ба ёдоварист, ки Миср ҳар се бозиашро дар гурӯҳи "А" бохт. Ҳамин тавр дар гурӯҳ "А" тими миллии Миср ҷойи чорумро ишғол намуда, аз мусобиқаҳои даврӣ плей-офф канор афтод. Аз гурӯҳи "А" дастаҳои Русия ва Уругвай ба давраи баъди роҳ ёфтанд.

Лентаи хабарҳо
0