Навори сӯхтор дар Истаравшан дар рӯзи сафари президент

Обуна шудан
25 июн кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Муғ"-ро ифтитоҳ карда, назди сокинон суханронӣ намуд

25 июни соли 2018, соати 19:03-дақиқа, дар корхонаи истеҳсолии аробаҳои кӯдаконаи ҶДММ "Адл" ш.Истаравшан, ҷамоати деҳоти Гули Сурх, кӯчаи Навоӣ-53 дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ сӯхтор ба амал омад. Дар корхонаи мазкур ашёи хом аз маҳсулоти нафтӣ (гранула) ва дар анбор халтаҳо аз маҳсулоти тайёри пласмассӣ, зиёда аз 100 адад зарфҳои кислород, гази моеъ ва зиёда аз 1000 литр равғанҳои молидании истехсолӣ нигоҳ дошта мешуд. 

Масоҳати бинои мазкур 40Х60 метр буда, конструксияҳои металопластикӣ мебошад.
19 манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, ки дар гирду атрофи он ҷойгир буд, аз коми оташ наҷот дода шуд. Дар рафти хомӯш намудани сӯхтор 11 нақлиётҳои оташнишонӣ, 7 нақлиётҳои ёрирасони обкашон, 128 нафар ҳайати шахсии хадамоти оташнишонӣ ва мақомати корҳои дохилӣ, 250 нафар аз ДТММ  иштирок карданд.

Дар натиҷаи сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ёдрас мешавем, ҳамон рӯз, 25 июн кишвардори  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан қарор дошт. Раисҷумҳур  Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Муғ"-ро ифтитоҳ карда, назди сокинон суханронӣ намуд.

Лентаи хабарҳо
0