ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik.Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19+24 ва рӯзона +32+37 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳаво шабона +7+12 ва рӯзона +23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +18 +23 ва рӯзона +36 + 41 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ абрноки боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Шабона +16+18 ва рӯзона +34+36 дараҷа гарм мешавад.