Шаҳри Истаравшан дорои Парчаму Нишони давлатӣ шудааст

© пресс-служба президента ТаджикистанаВизит Эмомали Рахмона в Согдийскую область
Визит Эмомали Рахмона в Согдийскую область - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориаш ба шаҳри Истаравшан Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистонро ифтитоҳ намудааст

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Дар шаҳри Истаравшан Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи сутунпояи парчами давлатии Тоҷикистон ширкат намуд, иттилоъ додаааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Бино ба иттилоъи манба парчами Тоҷикистон дар назди бинои «Маркази ҷавонон ва наврасон»-и шаҳр сохта шудааст.

Баландии пояи Парчам 52,4 метр буда, масоҳати майдони он 3989,0 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Атрофи парчами Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан фаввораҳову роҳрав ва намои иншооти наву замонавӣ бунëд шудааст.

Саҳни ин рамзи давлатӣ барои гузаронидани ҳамоишҳои гуногун омода шудааст. Бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ дар худуди боғи Парчам каҳвахона, толори бозиҳои кӯдакона ва меҳмонхонаву дигар иншооти хизматрасонӣ бунëд гардидааст.

Бино ба иттилои манбаъ, инчунин раисҷумуҳри Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонӣ шаҳри Истаравшан Нишони давлатии Тоҷикистонро расман ифтитоҳ намуданд.

Манбаъ таъкилд кардааст, ки сохтмони Нишони давлатӣ моҳи марти соли 2018 оғоз шуда, моҳи июни соли равон пурра ба анҷом расидаааст.

Нишони давлатӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳр ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ бунёд гардида, баландии он 24 метрро ташкил медиҳад.

Нишони давлатӣ дар маркази шаҳри Истаравшан бо усули хоси меъмории миллӣ бунëд карда шуда шудааст.

 

Лентаи хабарҳо
0