ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Ба гузориши "Парс тудэй", Лигия Мишан нависандаи ин мақола навиштааст ошпазҳои ин қаҳвахона ба одобу русум ва асолати тоҷикии худ пойбанд ва содиқ мондаанд.
Ба гуфтаи вай бештари ғизоҳои кишварҳои Осиёи марказӣ баҳам монанданд, вале қурутоб танҳо ғизое аст, ки махсуси мардуми Тоҷикистон аст.
Лигия Мишан ёдовар шудааст, ки барои навиштани ин мақола ба қаҳвахонаи "Душанбе" дар минтақаи Шипҳед Бей воқеъ дар Бруклин рафтааст.
Ӯ мегуяд: Дар Тоҷикистон ин ғизоро руйи дастархон ва бо даст мехуранд, вале дар инҷо руйи мизу курсӣ ва бо қошуқ хурда мешавад.
Ба навиштаи "The New York Times" дар қаҳвахонаи "Душанбе" ҳамчунин ба муштариён, ғизоҳои дигари Тоҷикистон аз ҷумла самбуса ва сихкабоб бо гушти гусфанд ҳам пешниҳод мешавад.