Эҳтиёт кунед: Навори омодаи яхмос дар шароити антисанитарӣ

Обуна шудан
Сокинони Тошканд шоҳиди омодаи яхмос дар боғи машҳури пойтахт дар шароити антисанитарӣ шуданд

Як сокини Тошканд ҳангоми гашту гузор дар яке аз боғҳои машҳури пойтахт "ЭкоПарк" шоҳиди омодаи яхмос дар шароити хеле ифлос гардид: дастгоҳи яхмосомодакуниро бо оби ифлоси кӯл мешустанд.

Дар навор дида мешавад, ки корманд бо ҳамон оби истифодашуда чанд маротибаи дигар дастгоҳи яхмосро "тоза" мекунад.

Ин корбари Фейсбук қазияро ба навор гирифта, мунташир кардааст ва зери он навиштааст: кӯдакони худро эҳтиёт кунед ва аз боғ яхмос нахаред.

Қазияи мазкурро намояндаи маъмурияти боғ тавзеҳ додааст. Вай таъкид кардааст, ки ин ҳодисаро пайгирӣ мекунад ва дар бораи ин камбудӣ ба мақомотҳои назоратӣ хабар медиҳад.

Лозим ба ёдоварист ки соли гузашта дар ноҳияи Шаҳрихони вилояти Андиҷони Узбакистон якбора садҳо нафар баъди истеъмоли яхмос заҳролуд шудаанд.

Бархе аз расонаҳо шумораи заҳролдушудагонро 300 нафар мегуфтанд.

Вале баъдтар маълум шуд, ки зиёда аз 186 нафар якбора ба бемористон бистарӣ шуданд.

Сухангӯи ҳокими вилоят гуфта буд, ки якбора ҳашт нафар ба ёрии таъҷилӣ муроҷиат кардаанд. Ҳамаи онҳо аз дилбеҳазурӣ ва табъи баланд шикоят доштанд.

Маълум шуд, ки заҳролудшудагон қабалн яхмос истеъмол кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0