ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Тармими 55 километри шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд ба таъхир афтод. Ширкат дар вебгоҳаш тавзеҳ додааст, ки далели ин иқдоми Ҳукумати Тоҷикистон дар чист.
"Ба маълумоти ҳамватанон мерасонем, ки бинобар зарур ва ногузир будани ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёти гаронвазн, ки ба кашонидани ангишт барои марказҳои барқу гармидиҳии Душанбе 1 ва Душанбе 2 машғуланд, дар километрҳои 61 то 106-ум таъмири куллии роҳ дар ин мавсим амалӣ намешавад. Зеро дар сурати роҳандозии таъмири асосӣ ба раванди захираи ангишт барои марказҳои зикршуда, ки фаъолияташон дар мавсими сармо ба ҳаҷми захираи ангишт бевосита рабт дорад, халал ворид хоҳад шуд. Бинобар ин, тасмим гирифта шуд, ки аз километри 61 то 106-ум танҳо таъмири ҷорӣ гузаронида шавад", — тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Дар шарҳи ширкати Innovаtive Rod Solutions омадааст, ки тармими асосии қитъаҳои дигари шоҳроҳ идома ёфта, тармими асосии 55 километри боқимонда дар оянда анҷом дода мешавад.
Тармими асосии 62 километри боқимондаи шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ то расидани мавсими сармо анҷом дода мешавад. Ширкат аз шаҳрвандон ва ронандагон ҷиҳати ҷой доштани баъзе нороҳатиҳо зимни таъмири асоси шоҳроҳ узр пурсида, изҳори умед мекунад, ки ронандагон ба ин нороҳатиҳои муваққатӣ бо ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ муносибат мекунанд.