Рейди БДА дар Хоруғ дар ду рӯз 185 ҳолати қоидавайронкуниро ошкор кард

© Sputnik / Амир ИсаевАвтомашина ГАИ Таджикистана, архивное фото
Автомашина ГАИ Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақсад аз баргузории рейд пешгирии садама ва беҳтар ба роҳ мондани бехатарии ҳаракат дар роҳ гуфта мешавад

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Рейди БДА дар Хоруғ дар ду рӯз 185 ҳолати қоидавайронкуниро ошкор кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар шаҳри Хоруғ ва дигар шаҳру навоҳии ВМКБ  бо мақсади пешгирӣ намудани садамаҳои роҳу нақлиёт ва беҳтар ба роҳ мондани бехатарии ҳаракат дар роҳ, амалиёти "Тартибот" (рейдҳо дар самти нақлиёт)  гузаронида шуда истодаанд.

"Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама пешгирӣ намудани садамаҳои роҳу нақлиёт, ба низом даровардани бехатарии ҳаракат дар роҳҳои вилоят ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони ҷавон мебошад", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ. 

Ҳамин тавр, дар ҳудуди вилоят рӯзҳои 20 ва 21-уми июни соли равон 185 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракати роҳ аз тарафи кормандони ШБДА-и вилоят ошкор карда шуда, 60 адад воситаҳои нақлиёт аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ гузаронида шуданд.

Автомобильные номера в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
БДА рақамҳои зебои силсилаи"OD" - 01 ва "DO" - 08 - ро мефурӯшад

Илова ба ин нисбати 185 нафар вайронкунандагони қоидаи ҳаракат дар роҳ чораҳои ҷазои маъмурӣ, аз қабили протоколҳои ҳуқуқвайрокуниҳои маъмурӣ татбиқ гардида, ба маблағи 2 ҳазору 850 сомонӣ ҷарима карда шуда, воситаҳои нақлиётиашон дар ҷаримагоҳ маҳкам карда шуданд.

Ҳамзамон аз тарафи кормандони ШБДА РВКД дар ВМКБ бо теъдоди зиёди ронандагони ҷавон корҳои фамондадиҳӣ ба роҳ монда шуд. 
Бояд қайд кард, ки дар моҳи июни соли равон 2 садамаи нақлиёти ба қайд гирифта шудааст. 

Минбаъд, ҳам барои бартараф намудани чунин камбудиҳои ҷойдошта дар самти нақлиёт, рейдҳо аз тарафи кормандони ШБДА РВКД дар ВМКБ ва бахшу гуруҳҳои он дар миқёси вилоят гузаронида мешаванд. 

Лентаи хабарҳо
0