ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Туркия Тайип Эрдуғон аллакай дар давраи аввали интихобот пирӯзии мутлақро ба даст овард: 52,2 дар сади интихобкунандагон ба ҷонибдории ӯ овоз доданд.
Дар интихоботи парлумонӣ ҳизби ҳоким — Ҳизби адолат ва рушд, ки 42,4 дарсади овози интихобкунандагонро ба даст овардааст, пирӯз мешавад. Ҳизби ҳаракати миллии Туркия бошад 11,1 дар сад овоз гирифтааст.
Эрдуғон авалин раисҷумҳурест, ки пас аз ба низоми президентӣ гузаштани туркҳо пирӯзии дукарата ба даст меорад.
Дар интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ ва парлумонӣ дар бюлутенҳо насаби Эрдуғон (аз ҳизби ҳоким), Муҳаррам Инҷе (аз ҳизби мухолифи Халқиву ҷумҳурихоҳони Туркия) Салеҳаддин Демирташ (аз Ҳизби хубон), Темил Каромалӯғлӯ (аз ҳизби хушбахтӣ) ва Доғу Перинчек (аз Ҳиби Ватан) сабт шуда буданд.
Ҳарифи асосии Эрдуғон аз ҳизби мухолифин Муҳаррам Инҷе 30,7 дарсад овоз гирифтаст.
Интихобот дар Туркия дар вазъияти изтирорӣ баргузор гардид. Туркия пас аз кӯшиши табаддулоти мухолифин дар соли 2016 дар ин интихобот чораҳои амниятиро пурзӯр кард. Тартиботро бештар аз 500 ҳазор корманди мақомот ҳифз мекарданд. Қайд карда мешавад, ки нисбат ба 4 интихоботи солҳои гузашта интихоботи имсола ором баргузор шуд.