ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман абрнок гашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо вазиши сахти шамол ба 15-20 метр дар як сония мерасад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +32+37 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳаво шабона +10+ 15 ва рӯзона +24 +29 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19 +24 ва рӯзона +34 + 39 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ абрноки боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Шабона +16+18 ва рӯзона +35+37 дараҷа гарм мешавад.