Навори талотӯп ва ҳангомаи мизоҷон барои маҳсулоти арзон дар "Ашан"

Обуна шудан
Дар пайи эълони тахфиф дар ҳипермаркети "Ашан" чунон мардуми зиёде ҷамъ омаданд, ки кормандони мағоза қисме аз онҳоро муваққатан ба даромадан роҳ надоданд

Маъмурияти "Ашан" дар Душанбе чанде пеш эълом кардааст, ки ба мунсоибати таҷлили дусолагӣ дар мағоза тахфиф эълом карда мешавад. Байни сокинони пойтахт овоза шудааст, ки тамоми маҳсулот ду сомонӣ нархгузорӣ шудааст.

Дар пайи эълони тахфиф дар ҳипермаркети "Ашан" чунон мардуми зиёде ҷамъ омаданд, ки кормандони мағоза қисме аз онҳоро муваққатан ба даромадан роҳ надоданд.

Мардум то баромадани қисме аз харидорон аз фурӯшгоҳ дар назди дарҳои мағоза навбатпойӣ карданд.Аммо навбатпоии тӯлонӣ бархе аз сокинонро ноумед кард, бархе аз онҳо аз нархҳои гӯё арзон норизоянд. Аммо бештари корбарони шабакаҳои иҷтимоиро издиҳоми бузурги мардум дар пушти дар ва дохили мағоза шигифтзада кардааст.

Лентаи хабарҳо
0