Хоҳари Моҳира Ятимова: Бобоҷон Шириновро то ҳол аз ҳуқуқи падарӣ маҳрум накардаанд

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкЧеловек в наручниках. Архивное фото
Человек в наручниках. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамон рӯз Бобоҷон Ширинов як дӯсташро, ки дар ҷойи ҳодиса будааст, зада, чоғашро шикастааст. Аммо ин маълумотро ҳатто Вазорати умури дохила мунташир накардааст

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Мунира Ятимова — хоҳари Моҳира Ятимова, изҳори нигаронӣ мекунад, ки шавҳари марҳум Бобоҷон Шириновро ҳанӯз аз ҳуқуқи падарӣ маҳрум накардаанд.

Дар ин бора Ятимова ба шабакаи Фейсбук ёддоште ба забони англисӣ мунташир кардааст. Мунира менависад, ки мехоҳад ин ҳодисаи мудҳишро ба гӯши тамоми ҷаҳониён расонад.

"Хоҳарам ба дидори фарзандонаш рафта буд. Ӯро дар пеши чашми кӯдакони хурдсолаш куштанд", — менависад вай.

Нож в руке - Sputnik Тоҷикистон
ВУД ҷузъиёти даст ба куштор задани писари генерал Раҷаб Ширинро тавзеҳ дод

Ба гуфтаи хоҳари Моҳира Ятимова, ҳамон рӯз ду дӯсти Ширинов низ дар ҷойи ҳодиса буданд. Муттаҳам ҳатто ба яке аз онҳо ҷароҳат расонидааст.

"Ду дӯсти вай, ки дар он ҷо буданд, инро дар навор дидаанд. Ба ғайр аз ин вай яке аз дӯстонашро зада, чоғашро шикастааст. Дар ин бора дар ягон расонаҳои хабарӣ гуфта намешавад. Ҳатто Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ки тафишот мебарад, дар ин бора нагуфтааст", —  афзудааст ӯ.

"Ҳоло бошад, ман маълумот пайдо кардам, ки мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон ӯро то ҳол аз ҳуқуқи падариаш маҳрум накардаанд. Илтимос, ба ман кӯмак расонед, ки бе ин ҳам ақли харобгаштаамро гум накунам", — изҳори нигаронӣ мекунад вай.

Ёдрас мекунем, пештар хабар дода шуд, ки дар Душанбе писари муовини собиқи Ожонси мубориза бо фасод генерал Раҷаб Ширин — Бобоҷон Ширинов ҳамсари собиқаш Моҳира Ятимовар бо бераҳмии махсус кушт. Муттаҳам ҳоло боздошт шуда, тафтиошот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0