ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Рӯзи дувум аст, ки сокинони Душанбе барои харидории маҳсулоти арзон ба ягона ҳипермаркет дар Душанбе — "Ашан" мераванд. Аммо навбатпоии тӯлонӣ бархе аз сокинонро ноумед мекунад, бархе аз онҳо аз нархҳои гӯё арзон норизоянд. Аммо бештари корбарони шабакаҳои иҷтимоиро издиҳоми бузурги мардум дар пушти дарва дохили мағоза шигифтзада кардааст.
Маъмурияти "Ашан" дар Душанбе чанде пеш эълом кардааст, ки ба мунсоибати таҷлили дусолагӣ дар мағоза тахфиф эълом карда мешавад. Байни сокинони пойтахт овоза шудааст, ки тамоми маҳсулот ду сомонӣ нархгузорӣ шудааст.
Рӯзи гузашта дар бораи издиҳоми мардум дар "Ашан" гузоришҳои вижае мунташир шуд. Аммо тахфиф дар "Ашан" имрӯз ҳам идома доштааст.
Амир ном корбари фейсбук хабар дод, ки талотӯп ва ҳангоми назди мағоза имрӯз низ идома дорад.
"Ашан, рӯзи дуввум", — навишта аксеро ҳам мунташир кардааст вай, ки мардуми зиёде назди бинои мағоза ҷамъ омадаанд.
Бештари сокинони Душанбе дар шарҳҳои худ изҳори ошуфтагӣ кардаанд, ки ҷамъшавии чунин мардуми зиёд дар як рӯз боварнокарданист.
"Харидорони рӯзи гузашта бар гашта бошанд?", — менависад яке аз корбарон бо изҳори нигаронӣ.
"Ман фикр кардам, ки пас дидани манзараи рӯзи гузашта дар "Ашан" касе намеравад", — навиштааст нафари дигар.
Аммо дар ҳамин ҳол нафароне пайдо шуданд, ки навиштаанд, "орзуи ворид шудан ба мағозаи серодам ҳоло ҳам дар дили онҳо намурдааст".
"Ба назарам, ман дар охир ба ҳипермаркет даромада наметавонам. Дина ҳам нашуд, имрӯз мехостам. Ҳоло аксро мебинаму ҳисси кунҷкобиам зиёд мешавед, ки дохили мағоза чӣ бошад", — менависад вай.
Дар ҳамин ҳол онҳое ки ба ҳипермаркет даромаданду маҳсулоте харидаанд, тахфифиҳои мағозаро дурӯғ меноманд.
Хабарнигори тоҷик Завқибек Саидаминӣ Фейсбук овозаи ду сомонӣ шудани нархи маҳсулот дар "Ашан"-ро бардурӯғ номида, навиштааст, ки танҳо килои картошка дар ҳақиқат 50 дирам буду халос.