Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро дар истифодаи нодурусти захираҳои обӣ муттаҳам кард

© Sputnik / Стас ЭтвешКайраккумское водохранилище, архивное фото
Кайраккумское водохранилище, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини презиенти Бонки ҷаҳонӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер сафари ахиронашро ба Душанбе тавзеҳ дода, гуфт, ки Тоҷикистон аз захираҳои обӣ бесамар истифода мебарад

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Тоҷикистон аз захираҳои обиаш бесамар истифода мебарад, навиштааст дар Твиттер муовини президенти Бонки ҷаҳонӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер баъд аз сафари ахираш ба Душанбе.

Ба гуфтаи вай, ӯ дар сӯҳбатҳояш бо ҳамкорон ва сокинони маҳаллӣ фаҳмид, ки то ҳол бештари хонаводаҳои тоҷик дар дастрасӣ ба об мушкилӣ мекашанд.

"Дар ҳоле ки Тоҷикистон  аз лиҳози захираҳои обӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бой аст, ин хело аҷиб аст", — менависад Мюллер.

Ба гуфтаи вай, ҳарчанд Тоҷикистон ба баҳр дастрасӣ надорад, сатҳи кишвар ва топографияи он, ки асосан аз пирях ва кӯҳ иборат аст, аз фаровонии захираҳои обӣ мегӯяд.

​How can countries in #CentralAsia capitalize on their #water resources and reach their full development potential? Cyril Muller, @WorldBankECA Vice President, shares his views: https://t.co/uMhRwuApS7 pic.twitter.com/TO4ZWgtESe

"Аммо идораи бесамари захираҳои обӣ  ва инфросохтори обрасонии фарсуда дар Тоҷикистон аз он мегӯяд, ки кишвар аз ин захираи бой пурра истифода набурдааст. Бештар аз 2/3 ҳиссаи аҳолии 9 — миллионаи ин кишвар  дар деҳот зиндагӣ мекунанд, ки то ҳол аз об танқисӣ мекашанд" — мегӯяд муовини президент.

Дар ҳисоботи ахири Бонки ҷаҳонӣ гуфта мешавад, ки ҳар  чорумин хонавода дар Тоҷикистон аз норасоии об танқисӣ мекашанд. Ҳамчунин, дар иртибот бо харобиҳои қубурҳои хурду калон обрасонӣ ба мӯҳлатҳои зиёд қатъ мешавад ва дар деҳот он метавонад бештар аз як ҳафта идома кунад.

"Ман хело хурсанд шудам, ки дар ҳошияи конфронси байнлмилалии "Об барои рушди устувор 2018 — 2028" дар бораи об баҳсҳои зиёде шуд ва ҳамагон бар он буданд, ки ин мушкилиро ҳар кишвар дар алоҳидагӣ ҳал карда наметавонад", — таъкид кард Мюллер.

Вай афзуд, ки ҳамкориҳои байниминтақавӣ аз нигоҳи иқтисодӣ низ муфид аст.

Лентаи хабарҳо
0