Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд сафар кард

© Фото : Пресс-служба президента РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон в Хатлонской области
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кишвардор бо мақсади ширкат дар тантанаҳои идона бахшда ба 21 солгарди Ваҳдати миллӣ ба вилояти Суғд рафт

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 24 июн ба вилояти Суғд сафар кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии президент.

Бино бар иттилои манбаъ, сафари мазкур бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим, шиносоӣ бо шароити зиндагии сокинон ва иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 21-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ анҷом дода шудааст.

Дар рафти сафар кишвардор ба чанд шаҳру навоҳии влоят сафар хоҳад кард. Сафари имрӯзаи Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ шурӯъ шуд.

Пештар хабар дода шуд, ки тантанаҳои асосии ҷашни Ваҳдати миллӣ имсол дар шаҳри Конибодом баргузор мешаванд. Дар ин бора масъулини Вазорати фарҳанг дар ҷаласаи васеи вазорат хабар дода буд.

Муовини якуми Вазири фарҳанг Ибодулло Машраб аз чорабиниҳои фарҳангии байналхалқӣ ва ҷумҳуриявии соли 2018, аз ҷумла таҷлили ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом ва Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе сухан ронда, зикр намуда буд, ки аҳли ҳунар бояд барои барномаҳои фарҳангӣ суруду оҳангҳои нав пешниҳод намоянд.

Дар ҷаласа  Шамсиддин Орумбекзода- вазири фарҳанг, муовини якуми вай Ибодулло Машраб, роҳбарони муассисаҳои театриву консертӣ ва ансамблҳову оркестрҳо иштирок намуда, онҳо рафти омодагӣ ба чорабиниҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявиро баррасӣ карднд.

Лентаи хабарҳо
0