ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Чемпиони панҷкаратаи ҷаҳон Бразилия дар як бозии ҷолиб дар варзишгоҳи шаҳри Санкт-Петербург ба дастаи Коста-Рикоро бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.
Дар 90 дақиқаи асосӣ тими миллии Бразилия ҳарчанд кӯшиш кард, натавонист ба дарвозаи Коста-Рико гол бизананд. Аммо довар ба 90 дақиқаи бозӣ боз 7 дақиқа илова кард ва дар дақиқаи 91-ум, футболбози бразилиягӣ Филипо Коутино ҳисоби бозиро боз кард.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар 97-ум дақиқа гаронтарин бозингари ҷаҳон Неймар, ба дарвозаи Коста-Рико гол зада ҳисобро 2:0 кард.
Лозим ба ёдоварист, ки тими миллии Бразилия бозии аввалашро бо дастаи Исландия бо ҳисоби 1:1 анҷом дода буд. Ҳамин тавр ин авввалин пирӯзии дастаи Бразилия дар Ҷоми ҷаҳонии Русия мебошад.
Мусобиқоти футбол дар Русия 14-уми июн шуруъ шуд. Маросими кушоиши мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон-2018 пеш аз бозӣ миёни тимҳои миллии Русия ва Арабистони Саудӣ дар шаҳри Маскав, дар варзишгоҳи "Лужники", доир гашт.
Бозиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ дар 12 варзишгоҳи 11 шаҳри Русия — Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Сочи, Екатеринбург, Самара, Саранск, Ростови соҳили Дон, Волгоград, Нижний Новгород ва Калининград баршузор хоҳад шуд.
Мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон то 15-уми июл идома хоҳад ёфт.