Рӯзи 22 июни соли 1941 Олмони фашистӣ бе эълони ҷанг ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кард.
22 июн дар собиқ кишварҳои узви Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзи ҳузнангез аст. Ин рӯз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки қисме аз Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ аст,гуфта мешавад.
Нафаре аз аҳолии чандмиллионаи 15 кишвари иттиҳод хабар надошт, ки Олмон ҷангро маҳз дар ҳамин рӯз сар мекунад, ки хисороти ҷониву молии бесобиқа дошт.