ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Яке аз тимҳои беҳтарини дунё, ки беҳтарин ситораҳои футболро (, Месси, Агуэро, Маскерано) гирд овардаастмебошад, натавонист дастаи футболи Хорватияро шикаст диҳад.
Бозии дастаи Хорватия ва Аргентина бо ҳисоби 3:0 анҷом ёфт.
Бозии қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон Аргентина бо дастаи мунтахаби Хорватия хеле пуршиддату ҷолиб сурат гирифт.
Дар нимаи дувуми бозӣ ҳарчанд аргентиниҳо барои голзанӣ талош карданд, натавонистанд ба ҳадаф бирасанд.
Дар дақиқаи 53-ум бозингари Хорватия Анте Ребич ба дарвозаи Аргентина гол зада ҳисобро боз кард. Ҳарчанд Ленонел Месси кушиш кард натавонист тӯберо ба дарвоза расонад, аммо футболбозони Хорватия ба дарвозаи Аргентина боз ду голи дигар заданд. Дар дақиқаи 80 Лука Модрич ва дар дақиқаи 90-ум Иван Ракитич умеди Аргентинаро пора-пора карданд.
Ҳамин тавр тимми милли Аргентина дар ҳузури даҳҳо ҳазор ҳаводорони худ ва яке аз беҳтарин бозигарӣ ҷаҳон Марадона, ки дастаи Аргентинаро ду карат чемпиони ҷаҳон карда буд, шикаст хӯрд. Дар ҳамин ҳол Тими милли Хорватия ба сабқати плей-офф роҳхат гирифт.
Имрӯз тими миллии Бразилия, ки дар бозии аввал натавонист ба дастаи Исландияро пирӯз шавад, дар шаҳри Санкт-Петербург бо тими миллии Коста-рика бозӣ хоҳад кард.