Дидори мақомҳои аршади эронӣ ва тоҷик дар ҳошияи конфронси Душанбе

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкРукопожатие, архивное фото
Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки барои ширкат дар Конфронси байналмилалиии “Об барои рушди пойдор 2018-2028” дар шаҳри Душанбе ҳузур дорад, бо вазирони энержӣ ва нақлиёти Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кард

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории "Парс тудэй", Ризо Ардакониён, вазири нируи Эрон ва Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон дар дидори имрӯз дар бораи равобити дуҷониба ва роҳкорҳои тавсеаи он, бавижа дар бахши энержӣ табодули назар карданд.

Дар ин нишаст, муқаррар шуд, то ду ҳафтаи оянда замони дақиқи баргузории кумитаи пайгирӣ ва ҳамчунин сездаҳумин иҷлоси Комиссияи муштараки иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон аз тарафи Тоҷикистон мушаххас ва ба Эрон эълом шавад.

Вазири энержии Тоҷикистон дар ин нишаст аз амалкарди ширкатҳои фаъоли фаннӣ ва муҳандисии эронӣ дар Тоҷикистон, ибрози хурсандӣ кард ва гуфт, умедвор аст, ки ширкатҳои эронии бештаре дар проектҳои Тоҷикистон фаъол шаванд.

Ризо Ардакониён имрӯз ҳамчунин бо Худоёрзода Худоёр Завқибек, вазири нақлиёти Тоҷикистон дидор кард.

Ардакониён дар ин дидор ибрози умедворӣ кард ба зуддӣ фози дувуми туннели Истиқлоли Тоҷикистон бо ҳузури ширкатҳои эронӣ оғоз шавад.

Худоёрзода низ зимни ибрози хурсандӣ аз амалкарди ширкатҳои эронӣ дар сохти туннели Истиқлол, хоҳони ҳамкории ин ширкатҳо дар фози баъдии ин туннел шуд, ки шомили насб ва таҷҳизоти эминӣ аст.

Вазири неруи Эрон асри дирӯз низ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

Конфронси байналмилалии "Об барои рушди пойдор 2018-2028", рӯзи чаҳоршанбе дар пойтахти Тоҷикистон оғоз шуд ва то 22 июн идома дорад.

 

Лентаи хабарҳо
0