ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Нимаи дуюми имрўз, 20 июн раисҷумҳури Покистон Мамнун Ҳусейн, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, бо нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд.
Ҷонибҳо масоили муҳими ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Расулзода гуфт, ки имрўзҳо Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, обу сарватҳои табиӣ ва дигар масоили муҳим дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташабускор шинохта шудааст.
Ҷониби Покистон ҳавасмандии худро оид ба густариши мунособоти ин ду кишвар махсус таъкид намуд.
Ёдрас мешавем, имрӯз дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Тоҷикистон "Кохи Сомон" конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, — 2018-2028" ба кори худ шурӯъ кард.
Дар конфроси байналмилалии мазкур раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ хоҳад кард.
Барои иштирок дар ҳамоиши байналмилалӣ ба шаҳри Душанбе намояндагон ва роҳбарони баъзе кишварҳо аз ҷумла, раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Покистон Мамнун Ҳусейн, Раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон Абдулло Абдулло, ҳамчунин муовини дабири кулли СММ Луи Женмин, котиби генералии созмони ҳамкории Шанхай Рашид Олимов, Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Петер Буриан, роҳбари минтақавии маркази дипломатияи СММ дар Осиёи Марказӣ Наталия Герман, инчунин намояндагони баландпояи 110 кишвари ҷаҳон ва сохторҳои гуногуни СММ, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣву минтақавӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ташриф овардаанд.