Дастури Аҳмадзода ба раисон: маъюбонро ба ғамхории моддиву маънавӣ фаро гиред

Обуна шудан
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида ба маъюбон ёриҳои моддӣ ва молиявӣ расонида мешавад

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Қарори нави раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба тавсиб расид, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, қарори тозаи раиси вилоят ба ҳифзи иҷтимоиву маънавии маъюбон раван карда шуда, мувофиқи он моҳи июл дар саросари вилоят Рӯзи маъюбон таҷлил карда мешавад.

"Тибқи қарори мазкур раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони идораву корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликият ва фаъолияти хоҷагидориашон вазифадор гардидаанд, ки бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда маъюбонро ба ғамхории ҳамаҷонибаи моддӣ ва маънавӣ фаро гиранд ва ҷиҳати ташкили чорабиниҳои идона барои маъюбон чораҳои мушаххас андешанд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ба кӯдакони маъюб тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карданд - Sputnik Тоҷикистон
Ба кӯдакони маъюб дар Тоҷикистон тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карданд

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида ба маъюбон ёриҳои моддӣ ва молиявӣ расонида мешавад.

Ёдрас мешавем, аввалҳои моҳи июли соли гузашта низ, раиси вилояти Суғд ба ҷавонони маъюб кӯмакпулӣ ҳадя кард.

Ҳамчунин бо ташаббуси роҳбарияти вилояти Суғд дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз аҳволи 350 нафар маъюбон бохабар шуда, ба онҳо дар маҷмӯъ 35 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дода шудааст.

Дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд дар арафаи Рӯзи маъюбон ба як қатор муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба миқдори 12 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти гуногун харидорӣ ва дастрас карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0