ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар таҷдиду навсозӣ мегардад, хабар медиҳанд расонаҳои расмии тоҷикистон.
Имрӯз, 20 июн аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи "Роҳравҳои ҲИМОМ (ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ) 2, 5 ва 6 (лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа)"-маблағгузории иловагӣ баррасӣ ва тасдиқ гардид.
"Муовини аввали Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода, ки санади мазкурро дар Парлумон шарҳ дод, гуфт, ки лоиҳаи мазкур таҷдид ва навсозии сохтмони роҳи мошингардро аз шаҳри Душанбе то шаҳри Бохтар ба масоҳати 73,2 км дар бар мегирад", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Мавсуф афзуд, ки татбиқи лоиҳа ба ду марҳила ҷудо карда шудааст. Марҳилаи якуми лоиҳа 33,2 км роҳи мазкурро дар бар мегирад, ки ба он 96,4 миллион доллари амрикоӣ ҷалб гардидааст.
Барои амалӣ намудани марҳилаи дуюми лоиҳа 30 апрели соли 2018 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд созишномаи маблағгузории иловагӣ —грантӣ ба андозаи 90 миллион доллар ба имзо расонида шуд.
Марҳилаи дуюми лоиҳа 40 км роҳро аз деҳаи Чашмасорони ноҳияи Хуросон то шаҳри Бохтар бо сохтмони як адад пул аз болои дарёи Вахш бо дарозии 330 метр дар бар мегирад.
Инчунин дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур 8 адад пул, 14 адад чорсӯ ва гардишҳо, 18 адад истгоҳҳо ва павилйонҳо, 8 гузаргоҳи чорвогузар, се гузаргоҳ барои пиёдагардон, ки аз он як адад рӯизаминӣ ва ду адад зеризаминӣ аст, сохта мешаванд.
Роҳи мазкур дорои чор хати ҳаракат буда, паҳноии қисмати роҳ аз 23 то 36 метрро ташкил медиҳад. Интизор меравад, ки татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2018 оғоз ёфта, то моҳи марти соли 2023 идома ёбад.