Раҳмон бо ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ мулоқот кард

Обуна шудан
Аз дастгирии гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар самтҳои мухталифи рушд, пеш аз ҳама дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту роҳ, кишоварзӣ, пешгирии офатҳои табиӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок изҳори қаноатмандӣ карда шуд

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik.  Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллерро ба ҳузур пазируфт.

Бино бар иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ баррасӣ карда шуд.

"Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар қатори созмонҳои фаъолтарини ҷаҳон дар татбиқи ташаббусҳои Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои об, саҳми арзанда мегузорад", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Аз дастгирии гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар самтҳои мухталифи рушд, пеш аз ҳама дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту роҳ, кишоварзӣ, пешгирии офатҳои табиӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дастгирии соҳаҳои кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, пешгирии офатҳои табиӣ, маориф, инкишофи инклюзивӣ, мукаммалнамоии идоракунии молияи давлатӣ низ дар доираи Барномаи минбаъдаи шарикӣ аз қатори афзалиятҳои ҳамкорӣ номида шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки барои кам намудани хавфҳои фискалӣ минбаъд низ зиёд намудани ҳаҷми маблағгузорӣ аз ҷониби Бонк дар намуди маблағҳои имтиёзноки грантӣ муҳим аст.

Ҳар ду ҷониб зимни мулоқот аз  дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ анҷом доданд.

Лентаи хабарҳо
0