ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Тоҷикистон мехоҳад робитаҳои байнипарлумониро бо Исроил тақвият диҳад, хабар медиҳад Маҷлиси Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ин бора вакилони Маҷлиси намояндагон изҳори назар кардаанд.
Гуфта мешавад, 19 июн сафири Исроил дар Тоҷикистон Шапира Эдуард бо вакилони Маҷлиси намояндагон — Равшан Раҷабов ва Миралӣ Достизода мулоқот анҷом додааст.
"Зимни мулоқот аз раванди густариши робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва башардустонаи Тоҷикистону Исроил изҳори қаноатмандӣ карда шуда барои роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гидроэнергетика, комплекси агросаноатӣ, маориф ва туризм таклифҳои судманд пешниҳод шудааст", — омадааст дар иттилои манбаъ.
Инчунин дар мулоқот доир ба густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ва тақвияти нақши онҳо дар раванди ҳамгироии минтақавию байналмилалӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, ҷиноятҳои фаромарзӣ ва иштироки фаъол дар ба эътидол оварии вазъи сиёсию низомии Афғонистон табодули афкор сурат гирифт.
Масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои илму техника, маориф ва фарҳанг низ яке аз мавзӯъҳои асосии мулоқот будааст.
Зимни мулоқот ҷонибҳои изҳори боварӣ карданд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Исроил дар ҳама самтҳо фаро хоҳанд гирифт.