Муноқишаи ду марди исфарагӣ дар ошхона бо кордкашӣ анҷом ёфт

Обуна шудан
Як сокини шаҳри Исфара дар пайи муноқиша дар ошхонаи "Кӯлканд"-и шаҳри Исфара бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон бистарӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Дар шаҳри Исфара муноқишаи ду мард дар ошхона бо кордкашӣ анҷом ёфт, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодисаи кордкашӣ шоми 19 июн дар ошхонаи "Кӯлканд"-и ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳр рух додааст.

"Сокини 47-солаи Исфара дар пайи муноқишаи бамиёномада марди 45-солаи ҳамин шаҳрро бо корд чанд маротиба захм задааст ", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнин бардошта, ба бемористони шаҳр бистарӣ гаштааст.

Аз рӯйи ҳодиса тафтишот идома дошта, манбаъ дар хабар аз тавзеҳоти бештари қазия  худдорӣ кардааст.

Мутаассифона, қариб ҳамарӯза мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар бораи кордкашӣ ё куштор хабар медиҳанд. Чунончӣ, 19 июн хабар дода шуд, ки дар ноҳияи Ҳамадонӣ марде ҳамсарашро бо захми 11 корд ба ҳалокат расонид. Рӯзи 14 июн хабар дода шуд, ки дар Душанбе ҳамчунин ҳодисаи кордкашӣ ба қайд гирифта шудааст.

10 июн як зани ҷавон аз ноҳияи Шаҳритуз модари ҳамсояашро корд зада буд. Зоҳиран, муноқиша байни ҳамсояҳо аз болои шохаи дарахт сар зуда, ба куштор анҷом ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0