Эмомалӣ Раҳмон бо Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кард

© Дафтари матбуотии раисҷумҳури ТоҷикистонМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов. Душанбе. 20 июни соли 2018
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов. Душанбе. 20 июни соли 2018 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷонибҳо зимни мулоқот аз мавқеъи ҳамсони кишварҳо дар самти ҳалли мушкилоти масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ, инчунин таъмини амнияти минтақа, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир андешаронӣ карданд

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо Туркманистон ва масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ баррасӣ карда шуд.

"Эмомалӣ Раҳмон иштироки фаъоли роҳбари ин кишвари дӯстро дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" нишонаи возеҳи дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо маънидод кард", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Государственный флаг Таджикистана на флагштоке в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе конфронси байналмилалии “Об барои рушди устувор, 2018-2028” оғоз ёфт

Ҷонибҳо зимни мулоқоти самимӣ оид ба мавқеъи ҳамсони кишварҳо дар самти ҳалли мушкилоти масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ, инчунин таъмини амнияти минтақа, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир андешаронӣ карданд.

Аз сатҳ ва мазмуну муҳтавои робитаҳо, татбиқи санадҳои қаблан қабулшуда, рушди шарикӣ ва густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятнок, аз ҷумла соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёт, саноати сабук, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангию гуманитарӣ ва сайёҳӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Барои расидан ба ҳадафҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатбахш таъсиси намояндагии тиҷоратӣ ва Шӯрои соҳибкорӣ зарур шумурда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0