ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik.Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 воридоти ордро 9,1 ҳазор тонна кам кардааст, аммо воридоти ғалларо ба 45,4 ҳазор тонна зиёд кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.
Тавре, ки вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ба кишвар 14,3 ҳазор тонна орд ба маблағи 3,1 млн. доллар ворид намудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,1 ҳазор тонна кам будааст.
Дар ин давра рушди воридоти ғалла ба қайд гирифта шудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45,4 ҳазор тонна ба Тоҷикистон зиёд ворид шудааст. Моҳи январ-майи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 405,4 ҳазор тонн ғалла ба маблағи 69,3 млн. доллар ворид шудааст. Содиркунандаи асосии орду ғалла ба Тоҷикистон Қазоқистон будааст.
Манбаъ таъкид кардааст, ки ҳоло Тоҷикстон беш аз 90 дарсади талаботи бозори дохилӣ ба ордро таъмин менамояд. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон коркарди ғалларо ба маротиб афзоиш дода, воридоти ордро аз дигар кишварҳо кам намудааст.