ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Тоҷикистонро баргузор кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, дар кори маҷлис "Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2018" ва "Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" шахсони масъул ҳисобот доданд.
Ҳамчунин дар бораи чанд тарҳи қонунҳои ҶТ гузориши шахсони масъул шунида шуд. Баъди муҳокима лоиҳаҳои қонунҳои номбаршуда барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
"Дар кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қарорҳои Ҳукумат "Дар бораи Барномаи давлатии расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар ҶТ барои солҳои 2018 — 2020", "Дар бораи арзёбии самаранокии фаъолияти агентиҳои амаликунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ" ва "Дар бораи таъсиси Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар ҶТ" баррасӣ карда шуд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Дар анҷом кишвардор ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони ҳамаи сохторҳои давлатӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумат ва Қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин иҷрои дигар масъалаҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои мушаххас додааст.
Пештар маҷлиси ахирони Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Ҳукумати кишвар 14 май баргузор шуда буд.