ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ноҳияи Ҳамадонӣ шавҳари 42-солае ҳамсарашро бо захми 11 корд куштааст.
Ҳодиса рӯзи 18 июн, тахминан соатҳои 07:50 дақиқа дар манзили истиқоматии зану шавҳар рух додааст.
"Мард дар пйи муноқиша бо ҳамсари 32-солааш, бо корди хоҷагӣ ба бадани зан 11 корд задааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Зан аз ҷароҳатҳои вазнини бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Муттаҳам дастгир шуда, тафтишот идома дорад.
Пештар чунин як ҳодисаи пурсарусадои куштори ҳамсар дар Душанбе, дар хонаводаи як мансабдори номӣ генерал Раҷаб Ширин рух дода буд. Писари муовини пешини раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон — Бобоҷон Ширинов дар манзили истиқоматиашон ҳамсари собиқаш Моҳира Ятимоваро 11 корд зада, аз ҷойи ҳодиса фирор кард.
Дар натиҷа зан дар бемористон ба ҳалокат расида, Бобоҷон Шириновро кормандони милиса боздошт карданд. Тафтишот идома дорад.