Раҳимзода бо зердастонаш ба тамошои намоишнома ба театр рафт

Обуна шудан
Кормандони мақомот бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани дараҷаи маънавиёт, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ ба тамошои намоишнома ба театр рафтанд

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бо ташаббуси вазири ниҳод Рамазон Раҳимзода барои тамошои намоишнома ба театр рафтаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

"Вазири умури дохила, муовинон, сардорони раёсату хадамотҳо, роҳбарият ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказӣ ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар намоишномаи мазҳакавии "Найрангҳои Майсара" ба "Театри Айнӣ" иштирок намуданд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ёдрас мешавем, моҳҳои апрели соли гузашта Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода милисаҳои тоҷикро муваззаф кард, ки ҳар моҳ ҳаддақалл як бор театр раванд.

Дафтари матбуотии ВУД ҶТ хабар дода буд, ки вазири умури дохила дастур дода кормандони пулис бояд ҳар моҳ як бор театр раванду намоишномаҳоро тамошо кунанд.

Гуфта мешуд, ки тамошои "иҷбории" намоишҳо агар аз як сӯ маърифати фарҳангии милисаҳоро бештар кунад, аз дигар сӯ хастагиро бартараф мекунад.

Рамазон Раҳмизода ҳамчунин дастур дода буд милисаҳои фарбеҳ бояд изофавазнашонро кам кунанд.

Лентаи хабарҳо
0