ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Русия дар соли хониши 2018-2019 барои довталабони тоҷик беш аз 600 бурсия ҷудо мекунад, хабар дод сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов.
"Бештари ҷавонони тоҷик хостори гирифтани маълумоти олӣ дар Русия ҳастанд. Дар соли хониши 2018-2019 барои донишҷӯёни тоҷик 618 бурсия ҷудо карда мешавад. Айни замон барои ба даст овардани квота 2370 довталаб ҳуҷҷатҳои худро супурдаанд", — афзудааст сафир.
Вай таъкид намуд, ки аз 21 ҳазор донишҷӯи тоҷике, ки дар донишгоҳҳои Русия ҳастанд, 10 ҳазорашон аз ҳисоби буҷаи кишвар таҳсил мекунанд.
Сафир инчунин қайд намудааст, ки Русия барои рушд ва ҳифзи забони русӣ дар Тоҷикистон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
"Воқеан забони русӣ дар Тоҷикистон — забони муошират байни миллатҳост ва ба Тоҷикистон кӯмак мекунад ҳамкориҳои бисёрҷонибаи худро бо Русия ҳифз кунад", — афзуд Лякин-Фролов.
Ба гуфтаи вай, роҳандозии барномаи сохтмон ва таъмини 5 мактаби миёна дар шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, Кулоб, Турсунзода ва Хуҷанд, ки таҳсилоташон ба забони русӣ сурат мегирад, оғоз шудааст.
Инчунин Русия барои мактабҳои Тоҷикистон омӯзгори забони русӣ мефиристад.