ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво бебориш буда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +18+20 ва рӯзона +31+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда шуда, ҳаво шабона +9+ 11 ва рӯзона +26 +28 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба сати ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +17 +19 ва рӯзона +35 + 37 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Инчунин обу ҳаво дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бебориш пешгӯи шудааст. Дар водиҳо шабона +14+16 ва рӯзона +32+34 дараҷа гарм мешавад.