Аз намоз то идгардак: гузориши акси аз таҷлили иди Рамазон дар Тоҷикистон

Обуна шудан
Таҷлили ид дар Тоҷикистон бо гузориши намози шурӯъ мешавад. Субҳ, мардум ба масҷидҳои кишвар барои гузоштани намози ид мешитобанд

Намози иди Фитр дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе бо амри маъруф ва суханони табрикии Саидмукаррам Абдулқодирзода — раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон баргузор шуд.

Иди Фитр яке аз ду иди бузурги мусулмонон аст, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол, пас аз поёни моҳи рамазон баргузор мешавад. Дар Тоҷикистон ин рӯз таътили умумӣ эълом шудааст.

Ин ҷашни муборак пас аз анҷом ёфтани моҳи шарифи Рамазон таҷлил мегардад. Дар ин рӯз мардум либосҳои тоза ба бар намуда, ба ҳамдигар тӯҳфаҳо тақдим мекунанд. Тамоми мусулмонони ҷаҳон дар ин рӯз ба хонаҳои ҳамдигар ба меҳмонӣ рафта ба якдигар сулҳу салоҳ таманно мекунанд.

Иди Рамазон дар кишварҳои мусулмоннишин аз як то се рӯз қайд карда мешавад. Дар рӯзи аввал мардум бо либоси тоза ба масҷидҳо рафта намози ид мегузоранд. Дар рӯзҳои баъдӣ бошад дастархони идона ороста ба хонаҳои ҳамдигар ба меҳмонӣ мераванд.

Гузориши аксии вижаи Sputnik Тоҷикистон аз таҷлили ид  тамошо кунед.

© Амир ИсаевҲазорҳо сокинону меҳмонони пойтахт барои намозгузорӣ ба масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе омаданд
Ҳазорҳо сокинону меҳмонони пойтахт барои намозгузорӣ ба масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе омаданд - Sputnik Тоҷикистон
1/13
Ҳазорҳо сокинону меҳмонони пойтахт барои намозгузорӣ ба масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе омаданд
© Амир ИсаевМоҳи Рамазонро уламо моҳи ибодат, мағфират ва покизагӣ мегӯянд
Моҳи Рамазонро уламо моҳи ибодат, мағфират ва покизагӣ мегӯянд - Sputnik Тоҷикистон
2/13
Моҳи Рамазонро уламо моҳи ибодат, мағфират ва покизагӣ мегӯянд
© Амир ИсаевДар рӯзи ид тамоми масҷидҳои кишвар пур аз намозгузорон мешавад
Дар рӯзи ид тамоми масҷидҳои кишвар пур аз намозгузорон мешавад - Sputnik Тоҷикистон
3/13
Дар рӯзи ид тамоми масҷидҳои кишвар пур аз намозгузорон мешавад
© Амир ИсаевМуфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода мавъиза мегӯяд
Муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода мавъиза мегӯяд - Sputnik Тоҷикистон
4/13
Муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода мавъиза мегӯяд
© Амир ИсаевШӯрои уламо имсол эълом кард, ки вақти намози ид 06:00 бо вақти Душанбе аст
Шӯрои уламо имсол эълом кард, ки вақти намози ид 06:00 бо вақти Душанбе аст - Sputnik Тоҷикистон
5/13
Шӯрои уламо имсол эълом кард, ки вақти намози ид 06:00 бо вақти Душанбе аст
© Амир ИсаевДар ин рӯз мардум либосҳои тоза ба бар намуда, ба ҳамдигар тӯҳфаҳо тақдим мекунанд
Дар ин рӯз мардум либосҳои тоза ба бар намуда, ба ҳамдигар тӯҳфаҳо тақдим мекунанд. - Sputnik Тоҷикистон
6/13
Дар ин рӯз мардум либосҳои тоза ба бар намуда, ба ҳамдигар тӯҳфаҳо тақдим мекунанд
© Амир ИсаевИн ҷашни муборак пас аз анҷом ёфтани моҳи шарифи Рамазон таҷлил мегардад.
Ин ҷашни муборак пас аз анҷом ёфтани моҳи шарифи Рамазон таҷлил мегардад. - Sputnik Тоҷикистон
7/13
Ин ҷашни муборак пас аз анҷом ёфтани моҳи шарифи Рамазон таҷлил мегардад.
© Амир ИсаевФарорасии ид барои мусалмонон маънои ба итмом расидани рӯзаро дорад
Фарорасии ид барои мусалмонон маънои ба итмом расидани рӯзаро дорад - Sputnik Тоҷикистон
8/13
Фарорасии ид барои мусалмонон маънои ба итмом расидани рӯзаро дорад
© Амир Исаевпас аз намоз мардум барои идомаи таҷлили ид ба хонаҳояшон мераванд
пас аз намоз мардум барои идомаи таҷлили ид ба хонаҳояшон мераванд - Sputnik Тоҷикистон
9/13
пас аз намоз мардум барои идомаи таҷлили ид ба хонаҳояшон мераванд
© Амир ИсаевИдгардак ва кӯдакон: тифлон бо шавқ ба хонаҳои дӯстону наздикон мераванд, то тӯҳфа гиранд
Идгардак ва кӯдакон: тифлон бо шавқ ба хонаҳои дӯстону наздикон мераванд, то тӯҳфа гиранд - Sputnik Тоҷикистон
10/13
Идгардак ва кӯдакон: тифлон бо шавқ ба хонаҳои дӯстону наздикон мераванд, то тӯҳфа гиранд
© Амир ИсаевБештар аз ҳама кӯдакон идро интизор мешаванд
Бештар аз ҳама кӯдакон идро интизор мешаванд - Sputnik Тоҷикистон
11/13
Бештар аз ҳама кӯдакон идро интизор мешаванд
© Амир ИсаевДар ҳар як хонадон кӯдаконро бо шодӣ пешвоз мегиранд
Дар ҳар як хонадон кӯдаконро бо шодӣ пешвоз мегиранд - Sputnik Тоҷикистон
12/13
Дар ҳар як хонадон кӯдаконро бо шодӣ пешвоз мегиранд
© Амир ИсаевМардум дар ин рӯз ҳамчунин ба сари мазори гузаштагонашон мераванд
Праздник Иди Рамадан в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
13/13
Мардум дар ин рӯз ҳамчунин ба сари мазори гузаштагонашон мераванд
Лентаи хабарҳо
0