ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев зери пои ҳайкали нахустин раисҷумҳури Узбакистон гулдаста монд.
Ӯ дар қароргоҳи "Оқсарой" бо ҳамроҳонаш аз Ислом Каримов ёд кард ва дар ҳаққи раисҷумҳури пешин дуо карда, аз Қуръон сураҳо хонд.
Ёдрас мешавем, пас аз марги раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов ҳайкали вайро дар қароргоҳаш "Оқсарой" (Қасри сафед) гузоштанд.
Аввалин раисҷумҳури Узбакистон 2 сентябри соли 2016 дар пайи бемории сактаи майнаи сар вафот кард. Ӯро дар шаҳри Самарқанд, дар маҷмааи Ҳазрати Хизр ба хок супориданд.
Пештар, шаҳрдори Маскав Сергей Собянин дастур дод, ки дар Маскав ба нахустин раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов ҳайкал гузошта шавад.
Тибқи фармони раиси шаҳр муҷассамаи Ислом Каримов бояд дар ноҳияи Якиманкаи Маскав то соли 2019 бунёд шавад.
Узви Ҳизби либераливу демократии Русия, сиёсатшинос, ҷонибдори низоми раводид байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русия, Георгий Городетский дар интернет арзномае мунташир карда, аз дастури Сергей Собянин дар мавриди муҷассамаи Ислом Каримов изҳори норозигӣ баён кардааст. Ба фикри вай, Каримов ба гузоштани муҷассама дар пойтахти Русия намеарзад, зеро "на барои Маскав ва на барои маскавиҳо амале анҷом додааст". Городетский арзашро ба раисҷумҳури Русия Владимир Путин ирсол кардааст.
Ба фикри сиёсатшинос, ин фармони Собянин сӯистифода аз мансаб унвон карда мешавад, ки асос барои баланд бардоштани савияи эътимод мебошад. Ҳоло ин арзномаро наздикӣ 1 500 кас имзо кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки соле пеш гулгаштеро дар ноҳияи Якиманкаи Маскав номи Ислом Каримовро доданд. Гулгашт дар наздикии Кунсулӣ ва Меҳмонхонаи Узбакистон дар Маскав ҷойгир шудааст.
Думаи шаҳрии Маскав қарори гузоштани муҷассамаи Ислом Каримовро дар Маскав моҳи декабри соли 2016 қабул карда буд.