Дар Русия тартиби гирифтани шаҳрвандӣ осон мешавад

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкИнформационное табло в отделении по вопросам гражданства РФ. Архивное фото
Информационное табло в отделении по вопросам гражданства РФ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вакили Маҷлиси Русия Константин Затулин пешниҳод кард, ки тартиби гирифтани шаҳрвандӣ осон шавад. Ба гуфтаи вай, ба ин роҳ аҳолии Русия даҳҳо миллион зиёд мешавад

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Муовини аввали Кумитаи Маҷлиси Русия дар масоили ИДМ, ҳамгироии авруосиёӣ ва иртибот бо ҳаммеҳанон Константин Затулин пешниҳод кард, ки дар Русия тартиби гирифтани шаҳрвандӣ осон шавад.

Ба гуфтаи Затулин, бо ин роҳ Руссия даҳҳо миллион ҳаммеҳанонашро ба ватан бар мегардонад.

Прямая линия с президентом России Владимиром Путиным - Sputnik Тоҷикистон
Путин гуфт, ки низоми гирифтани шаҳрвандии Русия осон шавад

Вай пешниҳод кард, ки шаҳрвандони хориҷӣ тавонанд бе даст кашидан аз шаҳрвандии кишвари худ, дар Русия иҷозатномаи иқоматии доимӣ ба даст оранд.  Вай ин мавқеашро чунин тавзеҳ дод, ки ҳаммеҳанони Русия- халқиятҳое ҳастанд, ки аз қадим дар кишвар зиндагӣ мекарданд.

"Гап дар бораи даҳҳо миллион нафар меравад. Агар онҳо шаҳрванди Русия шаванд, ба кишвар зараре мерасад?", — изҳори нигаронӣ кардааст вай.

Ба гуфтаи вакил, дар ҳоли содда кардани тартиби гирифтани шаҳрвандӣ, хориҷиёни бештаре ҷалб мешаванд. Зеро бештари нафаронеро, ки соҳиби шаҳрвандии Русия шудан мехоҳанд, коғазбозии зиёд метарсонад.

Затулин афзуд, ин масъаларо дар дидор бо роҳбари раёсати давлативу ҳуқуқии раисҷумҳур Лариса Бричева рӯзи 21 июн баррасӣ хоҳад кард.

Пештар раисҷумҳури Русия Владимр Путин дар рафти мулоқот бо шаҳрвандони Русия дар рафти пахши мустақим гуфта буд, бояд Русия тартиби гирифтани шаҳрвандиро озод кунад.

Лентаи хабарҳо
0