Аввалин медали Дилшод Назаров дар мусобиқаи Лаҳистон

Обуна шудан
Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии гурзандозӣ IAAF Hammer Throw Challenge медали биринҷӣ ба даст овард

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалии IAAF Hammer Throw Challenge ширкат намуд.

Мусобиқаи мазкур дар шаҳри Чорзови Лаҳистон ба хотираи қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Ҷанус Кусосински ("Janusz Kusocinski Memorial") баргузор шуда аст.

Дилшод Назаров дар мусобиқаи мазкур, гурзро ба дурии 78 метру 18 сантиметр ҳаво дод. Дар ниҳоят Дилшод Назаров соҳиби ҷойи сеюм гашт.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ Войсех Новитски аз Лаҳистон бо натиҷаи 80 метру 63 сантиметр ғолиб шуд. Дигар гурзандози Лаҳистонӣ Павел Фаҷдек бо натиҷаи 80 метру 04 сантиметр ҷойи дувумро ишғол намуд.

Ин аввалин медали гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар мавсими имсола ба шумор меравад.

Лозим ба ёдоварист, силсилаи "IAAF Hammer Throw Challenge" аз даҳ мусобиқа иборат аст. Аз чор мусобиқае, ки имсол дар Ямайка, Ҷопон, Финляндия ва Лаҳистон доир шуд, Дилшод Назаров дар сетоаш ширкат дошт.

Дилшод Назаров соли 2016 дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дод ва бо медали тилло ба Тоҷикистон баргашт.

Лентаи хабарҳо
0