Мирзиёев бо писар ва наберааш ба Маскав омад

© Пресс-служба президента УзбекистанаШавкат Мирзиёев сфотографировался с официальным талисманом чемпионата мира по футболу 2018 года
Шавкат Мирзиёев сфотографировался с официальным талисманом чемпионата мира по футболу 2018 года - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев барои ширкат дар маросими ифтитоҳи Ҷоми футболи ҷаҳон-2018 ба Маскав омад

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дафтари матбуотии раисҷумҳури Узбакистон хабар дод, ки имрӯз, 14 июн президенти Узбакистон барои ширкат дар маросими ифтитоҳи Ҷоми футболи ҷаҳон-2018 ба Маскав расид.

Дар Маскав 12 бозии Ҷоми футболи ҷаҳон-2018, аз ҷумла бозиҳои кушодашавӣ ва пӯшидашавии мусобиқот дар варзишгоҳи "Лужники" баргузор мешавад.

"Мирзиёев бо даъвати раисҷумҳури Русия Владимр Путин барои ширкат дар маросими ифтитоҳи Ҷоми футболи ҷаҳон-2018 ба Маскав расид", — омадаст дар иттилои манбаъ.

Бино бар иттилои дафтари матбуотӣ, Мирзиёевро дар фурудгоҳи байналмилалии Маскав дар фазои идона тилисми расмии ҷоми футболи ҷаҳон Волк Забивака пешвоз гирифт.

"Мирзиёев чун анъана дар тӯби махсус соядаст гузошт.  Раисҷумҳур бо писараш Миралишер ва наберааш Миромон бо тилисми бозӣ акс гирифтанд ", — афзудааст манбаъ.

© Пресс-служба президента УзбекистанаШавкат Мирзиёев оставил автограф на футбольном мяче чемпионата мира
Шавкат Мирзиёев оставил автограф на футбольном мяче чемпионата мира - Sputnik Тоҷикистон
Шавкат Мирзиёев оставил автограф на футбольном мяче чемпионата мира

Раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев, президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва нахуствазири Арманистон Никол Пашинян низ барои ширкат дар ин маросим ба Маскав расиданд.

Лентаи хабарҳо
0