Кӯчагардии Мессии эронӣ дар Маскав мухлисонро шигифтзада кард

© Sputnik / Grigoriy Sisoev / Гузариш ба медиабонкАргентинский футболист Лионель Месси
Аргентинский футболист Лионель Месси - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамандоми футболбози аргентинӣ Лионел Месси барои дастгирии мунтахаби Эрон дар Ҷоми футболи ҷаҳон ба Русия омад

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар ҳоле, ки варзишкори машҳури тими Аргентина Лионел Месси ба сабқатҳои дарпешистода омодагии ҷиддӣ мебинад, "нусхаи" эронии вай дар кӯчаҳои марказии Маскав гашта, ба ҳаводорони Месси ба шавқ соядаст тақсим мекунад.

"Дар ҳақиқат ба ҳаводорон мушкил аст, ки Мессии аслиро аз сохтааш фарқ кунанд. Ризои Парастиши эронӣ сахт ба Месси монанд аст.


Маҳз ба хотири шабоҳат ба Месси Ризо парастишро дар Эрон машуҳр кард. Ӯ ҳоло аз тамоми ҷаҳон мухлисони зиёди худро пайдо кардааст.

 

Ҳамандоми футболбози аргентинӣ ба Русия барои дастгирии тими мунтахаби Эрон омадааст.

Ризо ҳар рӯз ба Инстаграм дар бораи саргузаштҳои аҷибе, ки бо вай рух медиҳад, навор ё акс мегузорад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки гӯё пулиси Маскав Мессии эрониро барои ким кадом қонуншиканиаш боздошт кардааст.

Аммо муҳофизони ҳуқуқи Маскав дар асл дар фикри  боздошти "футболбоз" ҳам набуданд.

 

 

Онҳо низ ӯро Мессии ҳақиқӣ пиндошта, аз ҳаводороне, ки ӯро иҳота карда буданд, хоҳиш мекарданд, ки тартиботро риоя кунанд.

Ҳатто кормандони Росгвардия ҳам бо "Месси" акс ва соядаст гирифтанд.

"Рӯзи гузашта овоза пайдо шуд, ки гӯё пулиси Маскав маро боздошт кардааст. Ин дуруғ аст. Шумо метавонед асли қазияро аз навор тамошо кунед: мухлисони футбол, ки аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон омада буданд, ба назди ман омада, хоҳиш мекарданд, ки якҷо акс гирем. Дар натиҷаи роҳро мухлисон бастанд. Кормандони пулиси Маскав маро бо эҳтироми хос ба ҷое дар назди девори Кремл бурданд, ки он ҷо оромтар буд. Кормандони пулис ҳам аз ман хоҳиш карданд, ки акс гирем ва ман ба онҳо соядаст додам", — навиштааст Мессии эронӣ.

 

با سلام به همه دوستاي عزيزم و تمام مردم ايران ديشب اخباري مبني بر دستگيري من در شهر مسكو به علت برهم زدن نظم عمومي منتشر شد، كه صحت نداشت و اصل ماجرا چيزيست كه در اين ويديو ميبينيد😉 هواداران و عاشقان فوتبال كه از سراسر دنيا به مسكو آمده اند به من لطف داشتند و براي گرفتن عكس به من نزديك ميشدند، تا جايي كه تقريبا چند خيابان مسدود شد و پليس مسكو هم با كمال احترام و ادب بنده را اسكورت كرد و به جاي خلوت تري در اطراف كاخ كرملين برد تا من بتوانم راحت تر تردد كنم ، البته پليس ها هم به بنده لطف داشتند و دقايقي به گپ و گفت و عكس و امضا بين ما گذشت كه در ويديو ملاحظه ميكنيد نكته خيلي مهم اينه كه رسانه هاي معتبر بين المللي مثل تلوزيون رسمي آديداس، بين اسپورت، تلوزيون ملي آرژانتين، روسيه، پرو، و.. چندين رسانه ديگر با من مصاحبه كردند و من در تمامي مصاحبه هايم بخشي را به معرفي تيم ملي ايران و كشور متمدن و صلح دوستمان اختصاص دادم تا بتوانم از اين تريبون هاي بين المللي كه معمولا اخبار خوبي و منصفانه اي را از ايران به نمايش نميگذارند پيام عشق و صلح ايرانيان را به گوش جهانيان برسانم 😊 حرف آخر عاشقتونم و ممنون بابت پيام هايي كه ارسال ميكنيد❤️ #messi #worldcup2018 #worldcup #rezaparastesh

Публикация от iranian messi (Messi Irani) (@rezaparastesh) 12 Июн 2018 в 11:45 PDT

 

Ризо Парастиш дар Эрон ягона ҳамандоми ситораҳои ҷоҳонӣ нест. Дар кӯчаҳои Теҳрон ҳамчунин метавон бо Криштиану Роналду ва Луис Суарес акс гирифт. Аммо ба Ҷоми футболи ҷаҳон дар Русия танҳо Мессии эронӣ расидаасту халос.

Лентаи хабарҳо
0