ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр ба мардуми Тоҷикистон паёми шодбошӣ ирсол кардааст. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар паёми табрикоти раисҷумҳур омадааст, "моҳи Рамазон ва иди Фитр барои мардуми мусулмони мо аз ҷумлаи суннатҳои муқаддаси динӣ мебошанд, зеро онҳо таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ ба шумор меравад".
Дар анҷом раисҷумҳур тамоми мардуми Тоҷикистонро бо иди саиди Рамазон табрик гуфтааст.
"Фарорасии иди саиди Фитрро ба мардуми кишвар табрик гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаол ба ҳар фарди Ватан саодату хушрӯзӣ, рӯзгори осуда, файзу баракат, ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонӣ ва тараққиёту пешрафти рӯзафзун орзумандам", — омадааст дар паём.
Пештар Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон эълом кард, ки дар Тоҷикистон иди саиди Фитр 15 июн фаро мерасад. Мусалмонони кишвар аз 17 май рӯза гирифтанд.