ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков хабар дод, ки президент Путин дар маросими кушодашавии Ҷоми қаҳрамонӣ бо сарони кадом кишварҳо дидор мекунад.
"Раисҷумҳури Абхазистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон фардо бо раисҷумҳури Русия Владмир Путин мулоқот хоҳанд кард", — гуфтааст Песков.
Ҳамчунин вай дигар меҳмонони олимақомеро низ номбар кард, ки дар маросими кушодашавии Ҷоми ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.
"Ҳамчунин аз Ливан, раисҷумҳури Молдова, Панама, Парагвай, шҳзодаи Арабистони Саудӣ, раисҷумҳури Тоҷикистон, раисҷумҳури Узбакистон, раисҷумҳури Осетия Ҷанубӣ — аз ҷумлаи нафароне ҳастанд, ки фардо дар маросими ифтитоҳи Ҷоми ҷаҳон иштирок мекунанд ва онҳоро Владимир Путин бо роҳбарияти ФИФА Инфантино пешвоз мегирад", — афзудааст Песков.
Ёдрас мешавем, фардо, 14 июн дар Маскав маросими ифтитоҳи Ҷоми қаҳрамонии ҷаҳон 2018 баргузор мешавад.
Пештар Эмомалӣ Раҳмон ва Владимр Путин дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай мулоқот карда буданд.