Раисҷумҳури Покистон ва сарвазири Афғонистон ба Душанбе меоянд

© © Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе, архивное фото
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" барои солҳои 2018-2028 раисҷумҳури Покистон ва сарвазири Афғонистон ширкат хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Покистон Мамнун Ҳусейн ва сарвазири Афғонистон  Абдулло Абдулло  ба Душанбе меоянд хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, роҳбарони ин ду кишвар барои ширкат дар ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", барои солҳои 2018-2028 ба Душанбе ташириф хоҳанд овард.

19-22 июни соли ҷорӣ  раисҷумҳури Покистон Мамнун Ҳусейн  ва 20-22 июни соли ҷорӣ  сарвазири Афғонистон доктор Абдулло Абдулло бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, вазорати корҳои хориҷа иттилоъ додааст, ки ҳайъатҳои иштирокдори Конфронси мазкур аз кишварҳои гуногуни дунё 20-22 июни соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ташриф хоҳанд овард. 

Лентаи хабарҳо
0