ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз госпитали ҳарбии Гарнизони Суғд, воқеъ дар шаҳри Бӯстон боздид намуда, бо шароити солимгардонӣ ва истироҳативу табобатии афсарону сарбозон шинос шуд. Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, зимни боздид раиси вилоят бо сарбозоне, ки дар госпитали ҳарбии Гарнизони Суғд табобат мегиранд, суҳбат намуда, оид ба вазъи солимгардонӣ, саломатии онҳо ва дигар шароити муассиса пурсон шуд.
"Табобатгирандагон изҳор доштанд, ки дар госпитал тамоми шароити лозимӣ муҳайё мебошад. Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки фаъолити шабонарӯзии афсарону сарбозони шуҷоъи Ватан ва дар маҷмуъ хизматчиёни ҳарбӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумат аст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар госпитали ҳарбӣ барои табобату солимгардонии сарбозон шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар баробари ошхонаву хонаҳои фароғатӣ дар муассиса инчунин меҳмонхона барои оилаҳои сарбозон мавҷуд аст.
Раиси вилоят дар аснои боздид аз госпитали ҳарбии Гарнизони Суғд таваҷҷуҳи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстонро ба масъалаи дубора барқарор намудани кӯли ин мавзеъ ва беҳтар намудани фаъолияти меҳмонхонаи "Хуҷанд" ҷалб намуда, ҷиҳати иҷрои корҳои ободониву бунёдкорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҷоизи зикр аст, ки ба бошандагони госпитали ҳарбии Гарнизони Суғд аз ҷониби Раиси вилоят кӯмакҳои моддӣ, аз қабили маводи хӯрока ва сабзавоту меваҷот тақдим карда шуд.