Дастури Аҳмадзода ба раисони шаҳру навоҳӣ: коргоҳҳои аз кор мондаро фаъол кунед

Обуна шудан
Раиси вилоят масъулинро вазифадор кард, ки ҳамчунин дар аъмири мактабҳои садамавӣ, беҳтар намудани вазъи таъминоти оби нӯшокӣ, беҳтар намудани ҳолати роҳҳои мошингард ва ҳалли дигар мушикилоти мавҷуда таваҷҷуҳи бештар равона гардад

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik.  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо масъулин машварати корӣ анҷом дод, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилоят.

Дар кори машварат муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

"Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолият аз ҳисоби тамоми масъулини кишвар, шаҳр ва ноҳияҳо гуруҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд. Гурӯҳ вазифадор гардидаанд, ки якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар муҳлати ду моҳ нақшаи корҳои ободонию бунёдкориродар вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ карда, иҷрои онро то 1-уми сентябри соли 2021 таъмин намоянд", — таъкид дошт Аҳмадзода.

Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода: имрӯз бояд ба тарбияи томактабӣ таваҷҷуҳ кард

Ҳамчунин раиси вилоят дастур додааст, ки ҳар як ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳру навоҳӣ дар алоҳидагӣ омӯхта шуда, барои бунёди иншооти зарурӣ, аз қабили мактабу кӯдакистонҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, чойхона, иншооти соҳаи фарҳанг, сартарошхонаву ҳаммом, кошонаи ҳусн нақшаи корӣ тартиб дода шавад.

"Масъулин вазифадор карда шуданд, ки  пеш аз ҳама барои фаъол гардонидани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, таъмири мактабҳои садамавӣ, беҳтар намудани вазъи таъминоти оби нӯшокӣ, беҳтар намудани ҳолати роҳҳои мошингард ва ҳалли дигар мушикилоти мавҷуда таваҷҷуҳи бештар равонанд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар машварати корӣ ҳамзамон масъулин вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати ҷалби хонандагон ба истироҳатгоҳҳои тобистона, аёдати шахсони яккаву танҳо, дастгирии ятимону ниёзмандон дар арафаи Иди саиди Фитр, истифодаи самараноки замин, баланд бардоштани ҳосилнокии пахтаву картошка, ҷамъоварии меваву сабзавот, захираи хӯроки чорво ва омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.

Лентаи хабарҳо
0