ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе вохурӣ ва суҳбати ошкорои генерал-майори милитсия Шариф Назарзода бо як қатор донишҷӯёни донишгоҳҳои олии пойтахт ва ҷавонони фаъоли шаҳри Душанбе доир карда шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раёсати ВУД Душанбе.
Бино бар иттилои манбаъ, зимни суханронӣ Шариф Назарзода таъкид дошт, ки дар иҷрои қарори раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ "Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ", саҳми донишҷӯён ва ҷавонони фаъоли шаҳри Душанбе назаррас мебошад.
"Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин роҳбари мақомоти милитсияи пойтахт, бори дигар ҷавононро ба худшиносии миллӣ, пос доштани арзишҳои фарҳангиву таърихӣ, иштироки фаъол намудан дар густариши корҳои ободонӣ ва фаротар аз ҳама омӯхтани илму дониш ва забонҳои хоориҷӣ махсусан таъкид намуд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Дар мулоқоти мазкур ҳамчунин сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД, Фаттозода низ иштирок ва суханронӣ намуда.
Сардори Хадамот дар бораи аз ҷонби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро эълон гардидани озмуни забономузӣ ва шартҳои баргузории он суханронӣ намуд.
Ҳамчунин, зимни баргузории ин мулоқот як қатор донишҷӯён ва ҷавонони фаъоли пойтахти кишвар суханронӣ намуда, дар баробари ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Ҳамзамон онҳо доир ба масоили беҳтар намудани вазъи роҳу нақлиёт ва роҳҳои пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон пешниҳодҳо изҳор намуданд.
Баҳри ҳамкории мутақобилан судманд бо Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби сардори Раёсат генерал-майори милитсия Шариф Назарзода як қатор донишҷӯён ва ҷавонони фаъол бо "Сипоснома" ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.